Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти кишварро ҷонибдорӣ намуданд
Душанбе, 05.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Наздики 30 масъалаи ҳаётан муҳим имрӯз дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 5 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Нахуст аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» минбаъд ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад /бидуни истироҳат/.
Дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ворид намудани тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур, ки қаблан аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардида буданд, такмили қонунгузории кишвар, тақвияти волоияти қонун дар ҷомеа, рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.
Дар иҷлосия ҳамзамон дар асоси пешниҳоди Президенти кишвар як қатор судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва таъйин гардиданд. Инчунин ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода пеш аз муҳлат қатъ карда шуда, мавсуф аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология хориҷ карда шуд.
Бояд зикр кард, ки Р. Аҳмадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд 30 марти соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






