Узви ташкилоти экстремистии «Гурўҳи 24» маҳкум гардид

Май 5, 2016 17:05

Душанбе, 05.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Сафаралӣ Ҳасанов бо моддаи 307, эзоҳи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
С. Ҳасанов барои он айбдор гардид, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсия Русия қарор доштанаш, моҳи июли соли 2014 бо узви ташкилоти экстремистии «Гурўҳи 24» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Ҷамолиддин Ҳақназарович бо тахаллуси «Дод» ва номи мустаори интернетии «Муборизи Ватан» ҳамроҳ шуда, даъвати ӯро барои узви «Гурўҳи 24» шудан қабул намудааст. Ҳол он ки мувофиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 ин гурӯҳ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ эътироф ва фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст.
С. Ҳасанов бо мақсади ба пуррагӣ аз худ кардани ғояҳои ташкилоти экстремистии «Гурўҳи 24» бо кумаки Амиршоҳ ном шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум, ки дар бозори «Таганский ряд»-и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба тиҷорат машғул будааст, дар телефони мобилиаш барномаи иҷтимоии «Зелло»-ро сабт карда, дар фаъолияти ташкилоти мазкур иштирок намудааст. Номбурда 15-уми ноябри соли 2014 баҳри амалӣ намудани мақсадҳои ташкилоти экстремистии «Гурўҳи 24» ба толори кинотеатри «Стрела»-и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия рафта, дар маҷлиси аъзои ин ташкилоти экстремистӣ иштирок намудааст.
С.Ҳасанов 22 ноябри соли 2015 бо мақсади идома додани иштирокаш дар ташкилоти экстремистии Гурўҳи 24 ба зодгоҳаш ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баргашта, 1-уми январи соли 2016 аз ҷониби кормандони амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардидааст.
Аз Маркази матбуоти Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки бо ҳукми Суд Сафаралӣ Ҳасанов гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.

Май 5, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад