Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат

Май 14, 2016 10:52

Душанбе, 14.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мувофиқи иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, инчунин роҳ надодан ба дигар маҳдудкуниҳо ва таъмини қонуният дар ин самт равона карда шудаанд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» воридгардида, муҳлати амали ваколати адвокатҳое, ки то қабули Қонуни мазкур ин мақомро соҳиб шудаанд, то 27 июни соли 2016 тамдид карда шудааст. Ин шахсон метавонанд дар ин муддат ба фаъолияти адвокатӣ машғул гардида, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни амалкунанда ба мақоми адвокатӣ соҳиб шаванд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ворид карда шудаанд, тартиби бистарикунонии маҷбурии шахсони мубталои бемории силро дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил ва таъйини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории силро муайян менамояд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгариро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии беқурбшавии пули миллӣ ва таҳкими низоми бонкӣ равона карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, такмили низоми бонкӣ, пешгирии қонуншиканӣ вобаста ба муомилоти асъор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Май 14, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд