Ба зодрӯзи Ҳунарманди халқии СССР Аҳмад Бобоқулов 85- сол пур шуд
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 10 майи соли равон бахшида ба 85 — солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ки номи ин ҳунарманди мумтозро дорад, маҳфили адабию мусиқӣ баргузор гардид.
Донишҷӯён аз ҳаёт ва фаъолияти овозхони маъруфи тоҷик, ки бо сурудҳои дилпазираш, амсоли «Республикаи ман», «Чархофалаке, маро ба чарх овардӣ», «Чину чин», «Мӯйи тиллорангу чашмони кабуд» ва ғайраҳо хазинаи тиллоии мусиқии тоҷикро ғанӣ гардонидааст, сухан гуфта, аз саҳми арзандаи А.Бобоқулов дар тарбияи овозхонони Шашмақом ва равнақи ин намуди мусиқӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Донишҷӯён ва омӯзгорони шуъбаи «Сурудхонии академӣ» барномаи консертиро, ки аз эҷодиёти ин ҳунарманди маъруф мураттаб гардида буд, пешниҳод намуданд.
Ҳунарманди маъруфи тоҷик Аҳмад Бобоқулов 17 январи соли 1931 дар оилаи Бобоқул Файзуллоев, ҳофиз ва оҳангсози мардумӣ таваллуд шуда, соли 1954 Консерваторияи шаҳри Маскавро бо ихтисоси овозхонӣ хатм намудааст.
Номбурда аз соли 1954 то 1973 ба ҳайси овозхони Театри давлатии академии опера ва балет ба номи С.Айнӣ, овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 1973 то 1981 роҳбари бадеии Ансамбли «Шашмақом»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аҳмад Бобоқулов ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардида, замони дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият намуданаш шогирдони зиёдеро дар соҳаи мусиқии Шашмақом тарбия намудааст, ки имрӯз давомдиҳандаи кори ӯ мебошанд.
Аҳмад Бобоқулов барои хизматҳои арзанда дар рушди мусиқии тоҷик бо унвонҳои фахрии Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Артисти халқиии Тоҷикистон ва Артисти халқиии Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






