Барои беҳтарин ҳунарнамоӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим мешавад
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятӣ гузаронида мешавад.
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят аз моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, озмун дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷмъбаст карда мешавад. Ҳар як шаҳру ноҳия барномаҳои фарҳангии худро рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд дар ҳузури аъзои ҳакамон пешкаши ҳозирин мегардонанд.
Дар Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирокчиён намоиши ҳунарҳои миллии мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиро бо ҷалби чеҳраҳои нав ва аҳли санъату ҳунари шаҳру ноҳияҳо доир менамоянд.
Ба ғолибон аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






