Баррасии татбиқи Барномаи рушди саноати сабук дар Парлумон
Душанбе, 31.05.2016./АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» 31 май зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шудааст, ки стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноаткунонии мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидории содиротии кишвар мусоидат карда, ҷиҳати беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» қадами устуворест дар самти рушди соҳаи саноати сабук дар кишвар.
Зикр шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар барномаи мазкур 314 миллион долларро аз ҳисоби ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав, вусъат додан ва беҳтар намудани истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ба нақша гирифта шуда буд. Аз давраи амалишавии барномаи соҳа, барои бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои нав, аз нав муҷаҳҳазгардонии хаттҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва васеъгардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ беш аз 140 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки ин 45,8 % — и маблағҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои нав бунёд гардида, азнав муҷаҳҳазгардонии хаттҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ба анҷом расонида шуд. Иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта ба бештар аз 70 ҳазор тонна расонида шуд. Алҳол сохтмони корхонаҳои истеҳсолоти ресандагии «Евразия Текстайл» ва Маҷмааи истеҳсолоти бофандагии «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара, ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод» — дар Вахш ва «Адолат А» дар ноҳияи Фархор идома дошта, интизор меравад, ки дар давоми солҳои 2016 2017 ба истифода дода шаванд.
Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки ҳамзамон роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд, доир ба самтҳои афзалиятноки татбиқи барномаи мазкур пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






