«Бавария» маротибаи 18-ум Ҷоми Олмонро ба даст овард
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими футболи «Бавария»-и Олмон чанд давр пеш аз анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар Олмон барои дарёфти Ҷоми футболи кишвар тимҳои «Бавария» ва «Боруссия» ҳамчун довталаб талош ба харҷ доданд. Вақти асосӣ ва иловагӣ ғолибро муайян накард, зеро бозӣ тайи 120 дақиқа бидуни задании гол дар майдони муҳташами «Олимпиаштадион»-и шаҳри Берлин поён ёфт.
Дастаи футболи «Бавария» бо истифода аз анҷом додани силсилазарбаҳои 11- метра ғолибиятро бо ҳисоби 4:3 бар ҳарифи доимӣ ва саркаши худ «Боруссия» ба даст овард. Бахт ба рӯи шогирдони Пеп Гвардиола хандиду «Бавария» шаҳди пирӯзӣ чашид ва маротибаи 18-ум Ҷоми Олмонро соҳиб шуд.
Дар тӯли таърихи футболи Олмон ин натиҷаи рекортист, зеро то ҳол ба ягон тими футбол муяссар нагардидааст, ки 18 маротиба Ҷоми Олмонро соҳиб шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин охирин бозии «Бавария» таҳти роҳбарии Пеп Гвардиола буд, зеро ин мутахассиси испанӣ Олмонро тарк мекунад ва дар мавсими оянда дастаи футболи «Манчестер- сити»-ро роҳбарӣ хоҳад кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






