Базми ҷавонони ДМИТ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолият

Май 21, 2016 08:34

Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ ва озмуни донишкадавии «Гулдухтарони донишкада» баргузор шуд.

Дар ҷамъомад озмуни «Гулдухтарони донишкада» дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иҷрои шартҳои қироати шеър, тайёр намудани хӯришҳо, ороиши мӯйи сар ва намоиши либосҳои миллӣ доир шуд.

Донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд.

Дар маҳфил дастаи ҳаваскорони донишкада барномаи ҷолиби фарҳангиву фароғатии иборат аз суруду рақс, бадеҳа ва саҳначаи ҳаҷвиро пешкаши аҳли нишаст гардониданд.

 

Май 21, 2016 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад