Благовешенск: «Тоҷикистон-исми ман»-мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик
Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Благовешенски Федератсияи Русия садҳо донишҷӯёни тоҷик аз тариқи квотаи президентӣ сарбаландона таҳсил доранд.
Чанде пеш аз ҷониби аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикони Благовешенск бо сарварии Раҳматалӣ Аҳмадзода бо донишҷӯён дар мавзӯи «Тоҷикистон- исми ман» вохӯрии судманд барпо шуд.
Тавре ки дар суҳбат бо мо Р. Аҳмадзода иброз дошт, ҳадафи мо тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ва дур нашудан аз оинҳои миллиамон мебошад, зеро имрӯз ҷаҳон пур аз таҳаввулоту гардишҳост ва табиист, ки ҷавонони ҳушёрии сиёсӣ надошта барои гурӯҳҳои иғвоангезу дину оинфурӯш чун манбаи фитнаву гумроҳӣ метавонанд хизмат кунанд. Мо пайваста дар байни ҷавонон ва донишҷӯён дар бораи дур будан аз равияҳои зиддиинсонӣ, дар фикри ободиву амонии Ватану падару модари хеш будан суҳбатҳои судманд мегузаронем. Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиамон бештар кӯшиш мекунем ҷавонону донишҷӯёнро ҷалб намуда, ба ин васила дар замири онҳо муҳаббат ба ватану ҷоннисор будан дар ҳифзу ободии онро бедор кунем.
Садбарг Боқиева, Благовешенск.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






