«Бону» -ташкилоти нави ҳизбӣ дар пойтахт
Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» боз як ташкилоти нави ҳизбӣ бо номи «Бону» таъсис ёфт. Сайдалӣ Асоев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи расмии он ҳайати эҷодии маҷалларо бо таъсиси ин ташкилот ва пайвастан ба сафи ҳизб табрик намуда, зикр кард, ки рисолати рӯзноманигорон рушд додану обод кардани ҷомеа, амнияту бехатарии он аст, ки бо ҳадафу ормонҳои ҲХДТ ҳаммаром мебошанд. Раиси ташкилоти «Бону» Ш. Одиназода ва муовини он Қутбияи Неъматулло интихоб гардида, ба 11 нафари ба узвияти ҲХДТ қабулшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири ин нашрия зимни ибрози назар бобати сиёсати пешгирифта ва барномаи ҲХДТ зикр намуд, ки пайвастан ба ҳизбе, ки мақсаду маромаш рушду ободӣ, сулҳу салоҳ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангист, на танҳо мояи ифтихор аст, балки он дарки масъулияти бештари ҳар яки моро дар роҳи ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамояд.
Дар фарҷом С.Асоев таъкид намуд, ки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таъсиси ташкилоти «Бону»-ро, ки аъзояш ашхоси фаъоли ҷомеа буда, дорои истеъдоду маҳорати хоси тарғиботӣ ҳастанд ва метавонанд дар фаъолияти ҳизб нақши назаррас дошта бошанд, боз як муваффаққияти ҳизб арзёбӣ менамояд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






