Боз як мужда аз ноҳияи Деваштич
Деваштич, 21.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дар вилояти Суғд кирмакпарварони боз як ноҳия ба ҷамъоварии пилла оғоз намуданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз идораи “Пилла”-и Суғд хабар доданд, дирӯз кирмакпарварони ноҳияи Деваштич низ ба маъракаи пилласупори шурӯъ намуданд. Дар рӯзи нахустин ба нуқтаҳои қабул беш аз 3,5 тонна пиллаи хушсифат ворид гардид. Он рӯз роҳбарияти ноҳия ва намояндагон аз Идораи пиллаи ҷумҳурӣ ва вилоятӣ дар вазъи тантанавӣ ба як гурӯх кирмакпарварони пешсаф, ки барои рӯёнидани ин ашёи муҳими саноатӣ саҳми арзанда гузоштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Кирмакпарварони деҳаҳои Яхтану Хуштоири мухлон, Бахту Лолазор ва Хуҷатоир дар умум аз ҳар қуттӣ аз 45 то 80 килограммӣ пилла гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳия кирмакпарварӣ асосан дар ҷамоатҳои Яхтану Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ ба роҳ монда шуда, дар умум соли равон мувофиқи дурнамо аз ҷониби кирмакпарварони ноҳия бояд, ки 8,5 тонна пилла истеҳсол гардад.
Бояд гуфт, ки имсол кирмакпарварони вилояти Суғд парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд. Шурӯъ аз 28 апрел дар се минтақаҳои вилоят- ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Б.Ғафуров супоридани пилла оғоз гардида, то имрӯз ба хирмани вилоят дар маҷмӯъ наздик ба 300 тонна пилла супорида шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






