CASA-1000 дар назди энергетикҳову сохтмончиён вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 зикр намуд, ки: «Бунёди зиёда аз 1342 километр хаттҳои интиқоли барқи баландшиддати ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддат, истифодаи таҷҳизоти навтарини ҷараёни доимӣ дар назди энергетикҳову сохтмончиён вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад».
Мувофиқи лоиҳа тавассути CASA-1000 дар як сол то 5 миллиард киловатт-соат неруи барқи аз назари экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода мешавад.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки як силсила мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву экологӣ дар ҳар чор кишвар ҳалл гарданд.
Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳост.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






