Чорабинии фарҳангии «Родмардони Ватан » дар КМТ
Душанбе, 7.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 71 солагии Рӯзи Ғалаба чорабинии фарҳангии «Родмардони Ватан» доир гардид, ки дар он беш аз 30 нафар ҷанговарони интернатсионалист ва бартарафсозони оқибатҳои фоҷеаи Чернобел иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон хотироти хешро аз он рӯзҳои даҳшатбори ҷанг ҳикояҳо карда, насли наврасро ба ватандӯстӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин Ибодулло Қосимов муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир ба 71 солагии ҷашни Ғалаба маърӯза намуда иброз дошт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 630 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар охир кормандони Китобхонаи миллӣ доир ба ҶДҶ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






