Дар Академияи илмҳо фаъолияти илмии олимон натиҷагирӣ гардид
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласеи васеи Раёсати АИ ҶТ баргузор шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ Ховар хабар доданд, дар ҷаласа натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ — ташкилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ — ташкилии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Дар маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби раисони Комиссия бурду бохти муассисаҳои мазкур баҳогузорӣ шуда, баъзе норасоиҳо дар фаъолияти илмӣ ва илмӣ — ташкилии муассисаҳои мазкур тазаккур дода шуданд. Қарорҳои дахлдори Раёсати АИ ҶТ оид ба фаъолияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ қабул гардидаанд.
Дар анҷоми ҷаласа президенти АИ ҶТ, Фарҳод Раҳимӣ тазаккур дод, ки раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, аҳамияти таърихиро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доро мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






