Дар «Боғи Ирам» «Шоми ҷавонӣ» бошукӯҳ таҷлил гардид

Май 24, 2016 15:06

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Яке аз иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» Ганҷина Сайфидинова, муаллимаи литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбе доир ба ин чорабаинӣ чунин гуфт:                    «Пеш аз ҳама ман фахр мекунам, ки зодаи даврони истиқлол ҳастам ва ифтихор аз он дорам, ки ҳамчун як ҷавон дар ин чорабинӣ молҳои дасти худ ва шогирдонамро, аз қабили  қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маърази намоиш гузоштаам».
Бояд зикр кард, ки дар қисмати аввал озмуни  мусаввирони ҷавон, намоишҳои варзишӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар қисмати дуюм роҳпаймоии ҷавонон доир гардид.
Дар қисмати сеюм дар Амфитеатр бо иштироки ҳунармандони шинохта, аз қабили Нигина Амонқулова, Шаҳроми Абубакр, Фахриддини Малик ва чандеи дигар  барномаи ҳунарӣ доир гардид.

Май 24, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд