Дар Душанбе КВД «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд

Май 11, 2016 08:34

Душанбе, 11.05.16./АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дар тобеияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои Шоиста Саидмуродова — сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҶТ, корхонаи мазкур бо мақсади беҳтар намудан ва сари вақт бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, ҳамзамон сохтмон, таъмири роҳҳои мошингард ва иншооти он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
«Фаъолияти асосии КВД «Бадахшонроҳсоз» иҷрои корҳои роҳсозӣ, таҷдиду таъмири роҳҳои мошингард ва иншооти он мебошад», -илова намуд мусоҳиб.

Май 11, 2016 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!