Дар Гулистон омодагиҳо ба раъйпурсӣ дар шаҳраку ҷамоатҳо хуб роҳандозӣ шудаанд

Май 16, 2016 16:54

Гулистон, 16.05.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар омодагиҳо баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбиянд. Дар ҷамоати шаҳраки Чойрухдарони шаҳри Гулистон низ тибқи талабот ва меъёри баргузории Қонуни конститутсионӣ Дар бораи раъйпурсии Ҷумхурии Тоҷикистон рўйхати 1950 нафар раъйдиҳандагони шаҳрак тартиб дода шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, гўшаи раъйдиҳанда ва қуттӣ барои бюллетенҳо омода карда шудаанд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолонаи раъйдиҳандагон бо мақсади фаҳмонидани зарурати тағйиру иловаҳо ва мӯҳтавои ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақозои замон аст, дар бинову кӯчаҳои шаҳрак овезаҳо оид ба санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ насб карда шуда, гурўҳҳои корӣ дар ҳафт маҳаллаҳои шаҳрак корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ доранд.
Дар умум дар шаҳраку ҷамоатҳои шаҳри барқчиёни шимоли кишвар — Гулистон барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ як ҳавза ва 20 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуда, тибқи маълумоти манбаъ, теъдоди умумии иштирокдорон дар раъйпурсӣ 19 ҳазору 277 нафарро ташкил дода, аз он 329 нафар бори аввал ширкат хоҳанд кард.

Май 16, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид