Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир шуд

Май 11, 2016 12:12

Қурғонтеппа, 11.05.2016 /АМИТ Ховар/. Таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси Шӯрои мазкур Шаҳзод Раҳимов оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2015, иҷрои 2Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» ва гузориши сардори Раёсати маорифи вилоят дар бораи гузаронидани соатҳои тарбияи ҷисмонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва иштироки хонандагон дар мусобиқаҳои варзишӣ муҳокима гардид.
Дар ҷаласа инчунин нақшаи кории Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасдиқ гардид.

Май 11, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд