Дар Хатлон мусобиқаи кушоди футбол доир шуд

Май 26, 2016 10:36

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба хотири гиромидошти Ҳоҷӣ Маҳмадулло Соҳибов мусобиқаи кушоди футбол оғоз гардид, ки дар он 16 даста аз шаҳраки Хатлон бо ҳам ба рақобат пардохтанд.Дар вохӯрии якум, ки байни тимҳои Ҷавонони Шарқ ва Коминтерн баргузор шуд, футболбозони дастаи Ҷавонони Шарқ ба дарвозаи ҳарифон 6 голи беҷавоб заданд.
Мусобиқаи мазкур дар ин шаҳрак давоми 2 ҳафта идома карда, дар анҷом аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба дастаҳои ғолиб медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим мегарданд.
Мусобиқаи кушоди футболи вилояти Хатлон ба хотири гиромидошти Ҳоҷӣ Маҳмадулло Соҳибов ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамасола доир карда мешавад.

Май 26, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд