Дар Хатлон силсилаи вохӯриҳои вакилон бо инихобкунандагон идома дорад
Қурғонтеппа, 2.05.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон силсилаи вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон идома дорад.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳия имрӯз, 2 май интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул ва муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод вохӯрданд. Зимни вохӯриҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иштироккунандагон шарҳ дода шуд.
Вакили мардумӣ Ҷобирзода Тоҳир Гул инчунин дар бораи фаъолияти Парлумон ва қонунҳои қабулшуда сухан кард
Чунин вохӯриҳо дар шаҳру навоҳии вилоят идома доранд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






