Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо Суғд — 2016 доир мегардад

Май 24, 2016 11:45

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ Ховар/. 17-18 июни соли 2016  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи байналхалқии савдо Суғд-2016 баргузор мешавад.  Дар чаҳорчӯбаи ярмарка Форуми озуқаворӣ ва Форуми таҳвили технологияҳо доир мешавад, ки дар онҳо намояндагони ширкатҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Ярмаркаи савдо Суғд-2016 аллакай чун анъана гашта, ҳар сол барои истеҳсолкунандагон ва сохторҳои соҳибкории вилоят ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба яке аз рӯйдодҳои муҳими сол табдил меёбад.
Ташкилкунандагони ярмарка  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва шарикони рушд мебошанд.
Мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо — мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини замина барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи худро барои иштирок дар Ярмаркаи  байналхалқии савдо Суғд-2016 на танҳо корхонаву ширкатҳо аз минтақаҳои Тоҷикистон, балки ҷомеаи соҳибкорӣ дар Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Словакия, Чин ва кишварҳои дигар изҳор намуданд.
Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, молиявӣ, машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва логистика ва сохторҳои дигар ширкат хоҳанд варзид. Бори нахуст ярмаркаи алоҳидаи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар солҳои охир такони нав дар рушди худ пайдо намудааст  ва ярмаркаи алоҳидаи ширкатҳои сайёҳӣ  баргузор мегардад.

Май 24, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд