Дар ИМА номи нахустин номзади расмӣ ба мансаби президентӣ эълон гардид
Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби либертариании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин шуда, аз неруҳои сиёсӣ номзади худро дар интихоботи моҳи ноябр муайян кард, ки ӯ ҳокими собиқи иёлати Ню-Мехико Гари Ҷонсон буда, дар интихоботи чаҳор соли пеш иштирок кардааст.
Дар ҷараёни анҷумани ҳизбӣ Ҷонсон 55,8% раъй гирифт. Панҷ нафар рақибони ӯро умуман тарафдорони камтар дастгирӣ карданд,- иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Fox News».
«Ман ҳадди имкон ҷиддӣ кор хоҳам кард, то тавонам манфиатҳои ҳамаи онҳоеро, ки дар ин толор ҷамъ омадаанд, намояндагӣ кунам», — ваъда додааст Ҷонсон дар ҷараёни анҷуман, ки дар Флорида баргузор гардид. Маъмулан либертарианиҳо имкони пирӯзӣ дар интихоботро надоранд. Аммо ин дафъа бино ба ишораи шабакаи телевизионӣ Ҷонсон дар пурсишҳо зиёда аз даҳ фоизи раъйҳоро соҳиб шуд. Бо назардошти нуфузи хеле пасти раҳбарони ҷумҳуриятхоҳ- Доналд Трамп ва демократҳо- Ҳилларӣ Клинтон — ӯ соҳиби имтиёз мешавад. Ҳизби либертариании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имсол 45-солагии таъсиси худро ҷашн мегирад.
Он барои иқтисоди озоди бозаргонӣ, тиҷорати байналмилалии озод, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва риоя накардани дахолат дар умури кишварҳои дигар баромад мекунад.
Дар интихоботи соли 2012 Гари Ҷонсон бо 1,27 миллион раъй (як фоизи интихобкунандагон) ҷои сеюмро пас аз демократ Барак Обама ва ҷумҳуриятхоҳ Митт Ромнӣ ишғол кард.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






