Дар Ироқ ду террористи ДИ маҳв гардиданд
Душанбе, 06.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири дифои Австралия Марис Пейн дар бораи маҳви ду ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» аз ҷониби неруҳои ҳавоии ИМА дар Ироқ, ки шаҳрвандони Австралия ба шумор мерафтанд, эълом дошт.
«29-уми апрел зимни амалиёти ҳавоӣ дар атрофи шаҳри Мосул Нил Кристофер Пракаш маҳв гардид, ки дар ДИ мавқеи баланд дошт ва дар омода намудани амалҳои террористӣ ва фаъолияти таблиғотию ҷалбгароӣ иштирок мекард», — гуфта мешавад дар изҳороти вазири дифои Австралия.
«Пракаш бевосита дар омода намудани амалҳои террористӣ дар Австралия даст дошт ва инчунин барои даъват ба содир намудани ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА маъруф буд. Марги ӯ имконоти ДИ-ро барои ба сафи худ ҷалб намудани намояндагони ҷомеаи мо коҳиш дод», — омадааст дар изҳорот.
Вазир ҳамчунин иттилоъ дод, ки 22-юми апрел зимни амалиёти ҳавоӣ ҷангии дигари ДИ Шодӣ Ҷобар хоҳари Фарҳод Ҷобар, ки моҳи октябри соли гузашта ходими полисро парронд ва худ низ аз сӯи оташи ҷавобии кормандони полис маҳв гардида буд, нобуд карда шуд. Дарҳол пас аз ин ҷиноят Шодӣ Ҷобар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуд ва тавонист, ки Австралияро тарк намояд. Пас аз чанд муддат ӯ дар Шарқи Наздик пайдо гардид.
Ба гуфтаи вазири дифои ин кишвар, ӯ дар корҳои ҷалбгароӣ ба манфиати ДИ фаъолона иштирок мекард.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






