Дар Кӯлоб мусобиқаи кушоди шамшербозӣ доир гардид
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бостонии Кӯлоб мусобиқаи кушоди шамшербозӣ доир гардид, ки дар он варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мукаммал ширкат варзиданд. Баъд аз он, ки соли 2015-ум дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи ин намуди варзиш бо ширкати варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ мусобиқа доир гардид, шавқмандони ин риштаи варзиш дар Кӯлоб хеле зиёд шуд.
Ҳоло дар шаҳру нохияҳои минтақа, дар назди се мактаби варзишии шаҳрӣ ва минтақавӣ наздики 60 нафар наврасону ҷавонон ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
Дар мусобиқаи кушоди минтақавӣ дар баробари варзишгарони касбӣ дӯстдорони ин намуди варзиш низ байни ҳам сабқат намуданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб сарфароз гардида, барои ширкат дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба дастаи яккачини Хатлон-2-и минтақаи Кӯлоб шомил шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






