Дар Кобул 6 силоҳбадастро ба қатл расонданд
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи якшанбе дар зиндони Пули Чархии Кобул 6 силоҳбадаст ба қатл расонда шуданд.
Чанде пеш ба ҷинояткорон бо роҳи ба дор овехтан ҳукми қатл бароварданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Афғонистон, ҳукми қатл аз ҷониби президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ тасдиқ карда шуд.
«Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳукми қатли 6 маҳкумшударо, ки ба муқобили сокинони осоишта ва амнияти ҷомеа ҷиноятҳои вазнин содир намуданд, тасдиқ кард», — омадааст дар изҳороти хадамоти матбуоти президенти Афғонистон.
Ёдовар мешавем, қарори президенти Афғонистон дар бораи қатли ҷангиён пас аз ҳамлаи калони террористӣ дар Кобул, ки боиси марги 64 нафар ва ҷароҳат бардоштани 340 каси дигар гардид, қабул карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






