Дар Суғд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ доир гардид

Май 31, 2016 16:48

Хуҷанд, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи техникии «Формула-К»-и шаҳри Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ  баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба 25-солагии таъсиси ташкилоти мазкур  ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, он бо иштироки дастаҳои ин ташкилот дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва шимоли кишвар дар доираи барномаи тарбияи ҳарбӣ- ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ  роҳандозӣ гардид.
Мақсади чунин иқдом- бедор намудани завқу шавқи ҷавонон нисбат ба техника, рондани воситаҳои техникии калонҳаҷм ва омода намудани онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд варзиши картингронӣ рушду равнақи густурда дошта, дар он барои тамрини варзишгарон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар мусобиқа беш аз 50 картингрон аз дастаҳои варзишии ТҶММ вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғон-теппа, Сарбанд, ноҳияи Ёвон, ҳамчунин дастаҳои вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ва ноҳияи Рашт, ки бори аввал ширкат варзиданд, аз рӯи 4 намуд — навъи варзишии МИНИ, ЮНИОР, С-2 ва МИЛЛӢ  байни ҳам сабқат карданд.
Дар интиҳои мусобиқа дар ҳайати даставӣ ҷои аввал ва Ҷоми мусобиқаро варзишгарони  дастаи Кумитаи ТҶММ вилояти Суғд соҳибӣ карданд. Ҷои дувум насиби картингронони дастаи шаҳри Душанбе ва ҷои севум насиби варзишгарони Хатлон гардид.

Май 31, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд