Дар Тоҷикистон истихроҷи нафту ангиштсанг ва маводи ғайримаъдании бинокорӣ афзоиш ёфт
Душанбе, 03.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли равон истихроҷи нафту ангиштсанг, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли ҳасиб, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, афшураи помидор, нўшокиҳои беспирт, оби ҷав, коняк, тамоку, қолин ва маснуоти қолинӣ, пойафзол, истеҳсоли пўст, қоғаз, собуни хоҷагӣ ва мушкин, семент, гаҷ, плитаҳои мармарин, хишти бинокорӣ, арматураи сохтмонӣ, трансфарматорҳо, маснуоти кабелӣ, маснуот аз металопластика ва ғайраҳо афзудаанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 дар ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2 млрд. (2996,5млн.) сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 113,1 фоизро ташкил кард. Дар моҳи марти соли 2016 ба маблағи беш аз як млрд. (1034,1 млн.) сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз сатҳи моҳи марти соли 2015 ба андозаи 19,1 фоиз баланд аст.
Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 460,9 млн. сомонӣ, саноати коркард зиёда аз 1 млрд.(1774,4 млн.) сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об беш 761 млн. сомониро ташкил дод.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 аз 2011 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда миқдори корхонаҳои бозистода 869 воҳид ё 43,2 фоизро ташкил кард.
Ҳамзамон истеҳсоли маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ, маснуоти қаннодӣ, обҳои маъданӣ, нахи пахта, чигити пахта, калобаи пахтагин, газворҳо, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, асфалт, қир, оҳаки бинокорӣ, оҳану бетони васлшаванда, мех, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайра кам шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






