Дар ҷумҳурӣ дар се моҳ 60 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи авввали соли равон дар ҷумҳурӣ 60 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 51 ҷуфти никоҳ дар вилояти Суғд, 5 ҷуфти никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 воҳидӣ ақди никоҳ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе баста шудаанд. Дар моҳҳои январ -марти соли 2016 ақди никоҳи 13 ҷуфти никоҳҳои хешутаборӣ бекор карда шудааст.
Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолатти шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ -марти соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 9,5 фоиз кам шуда, 17,6 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил дод.
Камшавии бақайдгирии никоҳ дар моҳҳои январ марти соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида мешавад. Дар ВМКБ бақайдгирии никоҳ дар ин давра 7,4 фоиз кам шуда, 499 ҷуфтро ташкил дод, дар вилояти Суғд 7,8 %, дар НТҶ 8,1 %, дар шаҳри Душанбе 11,1 % ва дар вилояти Хатлон 11,6 % мебошад.
Бино ба маълумоти вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ, шумораи бекоршавии ақди никоҳҳои бақайдгирифташуда дар моҳҳои январ- марти соли равон 2 307 воҳидро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 фоиз (11 талоқ) кам шуд. Шумораи бекоршавии ақди никоҳҳои бақайдгирифташуда дар вилояти Хатлон 0,2 фоиз зиёд шуда, 486 воҳидро ташкил дод, дар Душанбе 6,7 фоиз ва дар НТҶ 7,5 фоиз мебошад.
Дар вилояти Суғд шумораи бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 — 6,6 фоиз кам шуда, 962 воҳидро ташкил намуд, дар ВМКБ шумораи бекоршавии ақди никоҳҳои бақайдгирифташуда дар сатҳи ҳамин давраи соли 2015 бетағйир монда, 24 воҳидро ташкил кард.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






