Дар Қурғонтеппа кумаки Президент ба 14 иштирокдори ҶДҶ дастрас гардид
Душанбе, 05.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Н. Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки 14 нафар иштирокдорони ҷанг 2000 сомонӣ кумаки яквақтаина супорида, онҳоро бо ин санаи муборак табрик намуд.
Дар ин бора Қаҳрамон Бобохонов, котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ дода, дар тақвияти он афзуд, ки иштирокдорони ҷанг аз таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ рӯҳбаланд гардида, ба Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






