Дар Ёвон гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис ёфтанд

Май 11, 2016 10:50

Ёвон, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баргузории раъйпурсиии умумихалқӣ ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дод. То ба имрӯз зиёда аз 98 маротиба бо иштироки фаъолон, аҳли ҷамоат, сокинони деҳаҳо ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, донишҷӯёни литсейҳои касбӣ, коллеҷи тиббию кормандони шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои томактабӣ ва кормандони соҳаи тиб вохӯриҳои судманд доир гардиданд.
Ҳамчунин дар ин муддат 12 маротиба тариқи радиои маҳаллӣ маводи дахлдор пахш намуда ва 102 адад шиору овезаҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот овехта шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолӣ идома дода, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Май 11, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид