ДДҲБСТ: Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро тарафдорем!
Хуҷанд, 16.05.2016 /АМИТ Ховар/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, барои рушди босуботи ҷомеаи муосир, такмили равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи он, таҳким бахшидан ба асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди забони давлатӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ маънидод намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амри замон буда, дар густариши равандҳои демократӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Инчунин дар мулоқот пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар роҳи тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳамеша омода ва ташаббускор бошанд.
Ҳадафи чунин мулоқоту вохӯриҳо баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷомеа, махсусан ҷавонон, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффоф баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






