Дилшод Назаров дар Ҷумҳурии Чех соҳиби ҷои дуюм шуд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Ҷумҳурии Чехия соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин сабқат Дилшод гурзро ба масофаи 78,82 метр партофта, ҷойи дуввумро ба худ ихтисос дод. Ду варзишгари дигар Павел Файдек, аз Лаҳистон соҳиби мақоми аввал ва Маркел Ломнитски аз Словакия соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дилшод Назаров, нахустин варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро гардидааст. Ёдовар мешавем, ки гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Ҷамолиддинович Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.
Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






