«Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон» дар саҳнаи Театри мусиқӣ-драмавии Ашт

Май 26, 2016 15:15

Ашт, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон»- таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов шоми ёдбуд доир гашт.
Дар маҳфил раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ, шоирону адибони шинохта Фарзона, Муҳиддин Хоҷазод, Муҳаммад Субҳон, қаламкашон, мухлисони шеъри асил, дўстону пайвандон ва ҳамдиёрони ин ду нобиғаи адабиёту ҳунар ҷамъ омада буданд.
Ҳамоиши фарҳангӣ бо намоиши моноспектакли Ману дарё аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ ва саҳнаҳои офаридаи Маҳмудчон Воҳидов оғоз ёфта, ҳунармандони ансамблҳои Нури Хуҷанд ва Садои Суғд, ҳамчунин санъатварони ноҳия бо таронаҳои ҷаззоби худ аз ашъори Лоиқ табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Май 26, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид