Бохти «Истиқлол» ба «Триполи» дар Душанбе
Душанбе, 11.05.2016/АМИТ «Ховар»/.Шоми дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар бозии даври шашум ва ниҳоии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 дар гурӯҳи «В» аз тими «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуданд. Саъд Юсуф, бозингари «Триполи», дар дақиқаи 46-ум ҳисобро боз кард. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол», дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро баробар намуд. Вале баъдан дар муддати чор дақиқа меҳмонон ду бор тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карданд. Голи дувуми лубнониҳоро Майкл Кафу Ҳелегбе дар дақиқаи 82-юм ва голи севумро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 86-ум ба ҳадаф расонданд.
Ёдовар мешавем,ки бозии аввали ин ду даста дар Лубнон бо пирӯзии дастаи «Триполи» бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд.
Дар бозии дигари даври шашуми мусобиқаи гурӯҳи В рӯзи 10 май дастаи «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ тими «Ал-Файсалӣ»-и Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи 52-юм зад.
Ба ин тартиб, дар мусобиқаи гурӯҳи «В» дастаи «Нафт Ал-Васат» бо 15 имтиёз ғолиб шуд.Тими «Ал-Файсалӣ» бо 11 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб гашт. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Тими «Триполи» бо 7 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. «Истиқлол» бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Футболбозони Лубнон ва Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқаи Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуданд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






