Эмомалӣ Раҳмон: «Ба муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд»
Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат роҳбарони бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва сохторҳои маҳаллиро вазифадор намуд, ки камбудии ҷойдоштаро бартараф намуда, кормандонашонро аз ҳисоби бонувон бештар намоянд.
Сарвари давлат аз кам ҷалб шудани занон ва бонувон ба муассисаю корхонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки шумораи занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 16 фоиз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 21 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 21 фоиз мебошад, ки ин рақамҳо ҳанӯз каманд.
«Мо пешниҳод карда будем, ки ба муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд, аммо аз таҳлили маълумоти оморӣ маълум мешавад, ки ин супориш пурра иҷро нашудааст»,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба масъулин супориш дод, ки аз миёни ҷавонон шахсони боистеъдоду болаёқат, донишманду ташаббускор, забондон ва аз нигоҳи сиёсӣ устуворро пайдо карда, онҳоро тарбия ва ба вазифаҳои масъул пешбарӣ кунанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






