Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Май 26, 2016 10:25

Душанбе 26.05.2016/АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 25 -солагии истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт  рисолаи нави илмӣ- сиёсии мушовири   калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои робитаҳои  хориҷӣ,  номзади илмҳои фалсафа  Зафар Сайизода таҳти унвони  «Фаъолияти байналмилалии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон  ба арсаи сиёсати  ҷаҳонӣ» аз чоп баромад.
Дар ин китоб аз пешрафтҳои  беназири миллати тоҷик дар даврони навин дар мисоли бахши   муҳимтарини ҳаёти  сиёсии ватани азизамон -сиёсати хориҷӣ, ки  ба шарофати фаъолияти   назариявию амалии боазамату арҷманди  Асосгузори   сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст, сухан меравад.
Рисола аз панҷ фасл иборат аст, ки ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳони муосир, нақши Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдгузории  сиёсати хориҷии  давлат, усулҳо ва вазифаҳои он  ва ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи  кишвар дар арсаи  байналмилалӣ  рӯшанӣ меандозад.
Китоби мазкур 25 майи соли равон дар ҷаласаи   Шӯрои диссертатсионӣ  дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ҳангоми маросими  дифои рисолаи  доктории Зафар Сайизода оид ба таърихи  муносибатҳои  байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ  рӯнамоӣ гардид.

Май 26, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд