«Газовик»-и Фарҳод Восиев номашро дигар мекунад
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Газовик»-и Оренбург, ки дар ҳайати он узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев ҳунарнамоӣ дорад ва соли равон ба премйер-лигаи Русия роҳхат гирифтааст, номашро дигар мекунад. Дар ин бора президенти клуб Василий Столипин хабар додааст.
«Клуби мо мухлисони зиёд дорад,-гуфтааст ӯ, -аз ин хотир мо шарафи шаҳри Оренбургро ҳимоя мекунем ва ҳоло ба губернатори вилоят ва мири шаҳр дархост кардем, ки номи дастаро дигар кунем. Аз тарафи дигар муассисони мо иваз мешаванд», афзудааст ӯ.
Ёдрас мешавем, ки КФ «Газовик» 4 давр пеш аз анҷоми лигаи миллии футболи Русия баъди ғалаба бар Сокол ҳаққи иштирок дар премйер-лигаи Русияро дар соли равон ба даст овардааст ва имрӯз бо дастаи «Волга» қувва меозмояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






