Хатлон: барномаи ҳунарии ду ноҳия ба «Андалеб-2016» роҳхат гирифтааст
Душанбе, 07.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад ва то имрӯз дар ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дустӣ ва шаҳри Қурғонтеппа доир гардидааст.
Ин навбат дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳр санъаткорони шаҳри Қурғонтеппа дар Фестивал-озмун ҳунарнамоӣ карда, ҳунарҳои бадеӣ халқиро, ки дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифт, ба намоиш гузоштанд, ки аз пешниҳоди сару либоси миллӣ, навозиши умумии «Субҳи Хатлон», рақси якка, суруди «Ватан», саҳначаи ҳаҷвии «Дугонаҳо» ва ҳолати ободонии муассисаҳои фарҳангӣ, дар маҷмӯъ аз 12 бахшҳои гуногуни ҳунарӣ иборат буд.
Тавре ки Бурҳониддин Раҷабов, сардори Раёсати фарҳанги вилоят зикр намуд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Фестивал-озмун ҷараён дошта, беҳтарин ҳунармандон ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд ва то имрӯз аз миёни санъаткорони 25 шаҳру ноҳияи вилоят барномаи ҳунарии ду ноҳия ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст.
Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






