Хуҷанд: муаррифии соҳаи туризм ба ҷавонон
Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» ва дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» шурӯъ аз 13 майи соли равон барои маълумот гирифтан доир ба мафҳум ва моҳияти соҳаи туризм, рушди дохилии он, аз ҷумла туризми мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсей ва гимназияиҳои шаҳр муаррифии соҳа оғоз гардид.
Муаррифӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Согдиана трейд» доир гардида, мақсади он ҷалби ҷавонон ба интихоби ин касб ва дар оянда дарёфти роҳбаладони ҷавон мебошад.
Нахустин муаррифӣ дар гимназияи №4 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 120 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуда, оид ба соҳаи туризми дохилӣ ва мактабӣ маълумоти муфассал пайдо намуда, барои дар оянда дар соҳаи туризм фаъолият намудан мароқ зоҳир намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






