Хуҷанд: Мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба Рӯзи кӯдакон

Май 31, 2016 16:47

Хуҷанд. 31.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии «Ҷашнӣ» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди бокс байни варзишгарони соли таваллуди 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 оғоз гардид.
Тавре ки Бахтиёр Исматҷонов, сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ Ховар хабар дод, дар мусобиқаи мазкур, ки аз 30 май то 2 июни соли равон идома меёбад, беш аз 250 боксчиёни наврас аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Бӯстон, Хуҷанд, Спитамену Ашт гирд омаданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз кӯдакону наврасон-иштирокдорони ин мусобиқаро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборакбод гуфта, ба варзишгарони наврас комёбиҳо таманно намуд.
Мақсади мусобиқа- тарғиби бокс ва бурдани тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни онҳо ва баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон мебошад.
Бояд гуфт, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи АИБА бо тарзи низоми олимпӣ гузаронида шуда, тибқи Низомномаи мусобиқот дар он варзишгарони синну соли 2000-2001 аз рӯи вазнҳои аз 36 то 75кг, варзишгарони соли таваллуди 2002-2003 аз рӯи вазнҳои аз 30 то 64,5 кг ва варзишгарони соли таваллуди 2004-2005 аз рӯи вазнҳои аз 26 то 30 кг иштирок менамоянд.

Май 31, 2016 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад