И.Қосимзода: Нисбат ба шахсияти якдигар эҳтиром бояд дошт

Май 31, 2016 10:09

Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи эҳтиром  нисбат ба  шахсияти якдигар, ҳурмату эҳтиром нисбат ба аъзои оила ва эҳтиром нисбат ба калонсолон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа зимни мулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо бо занони хонанишини маҳаллаҳои Дарвоз, Дӯстӣ, Ором, Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе   мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кумита, мулоқот дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №17 — и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Қосимзода И. Т. оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии занон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳарф зад.

Май 31, 2016 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд