Инъикоси хатарҳои савдои одамон тавассути намоишномаҳои театрӣ
Душанбе, 19.05.2016/АМИТ Ховар/. Садҳо сокинони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон огоҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон дар чаҳорчӯбаи як силсила намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гурӯҳи ӯ таҳия мешавад, боло мебаранд. Нахустин намоиш аз ин силсила фардо, 20-уми май дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор мегардад.
Ин силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд.
Се намоишномаи театрӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди савдои одамон бинандагонро бо мушкили савдои одамон шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад. Гуфта мешавад, ки намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамон ва мубориза бо онро тасвир мекунанд. Даромад ба намоишномаҳо озод мебошад.
Ҳадафи умумии лоиҳа баланд бардоштани огоҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ доир ба ҳуқуқашон ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






