Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳои он

Май 28, 2016 10:14

Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки устодону муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо» доир гардид.
Дар конфронс муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев гуфт, ки: «Бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушду такомули илму маориф, техника ва технологияи навин, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи техника дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон кард, ки он барои фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ мусоидат намуд».
Конфронс  дар ду бахш зери унвонҳои «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳуқуқ» ва «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанг» кори худро идома бахшид. Дар бахшҳо беш аз 30 мавзўъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Май 28, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад