Кӯлоб: ҲХДТ ҷонибдори иқдомҳои созанда аст
Кӯлоб, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Кӯлоб маҳфили фарҳангӣ доир намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва аъзои ин ҷамъиятро бо Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх табрик гуфта, зикр намуд, ки ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва соҳибихтиёр дар самти фаъолияти башардӯстона, ба табақаҳои муҳтоҷи аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст, дар мавриди зарурӣ кумаки беғаразонаашро тавассути аъзо ва ихтиёриёни худ мерасонад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи аъзо ва ихтиёриёни ҷамъият озмун оид ба фаъолияти ҶҲАТ, саҳначаҳои ёрии аввал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, намоиши рақси миллӣ ва инчунин аз тарафи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб сурудҳо дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон пешниҳод шуданд.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






