Кӯлоб: Машварат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Қурғонтеппа, 3.05.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Кўлоб дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ машварат бо иштироки ҷавонони минтақа дар мавзўи «Нақши ҷавонон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ дар ҷомеа» баргузор гардид.
Тавре Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Раҳматулло Аҳмадов, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Беҳруз Бобоев ва намояндагони минтақавии Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, амният ва прокуратура ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар семинар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдрас гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии гаравиши насли наврасу ҷавон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






