Картер: неруҳои ИМА дар Афғонистон барои муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд

Май 26, 2016 15:09

Душанбе, 26.05.2016 / АМИТ «Ховар» /.  Ҳайати  неруҳои ИМА дар Афғонистон кам карда мешавад, аммо дар ин кишвар, барои муддати тӯлонӣ  боқӣ мемонад. Ин нақшаҳоро  рӯзи чоршанбе Котиби мудофиаи ИМА Эштон Картер дар ҷараёни мулоқот бо низомиёни баҳрии Амрико дар шаҳри  Нюпорт (иёлоти  Род-Айленд) таъйид кард.  Дар ин бора агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
«Нақшаҳои мо  дар Афғонистон  кам кардани шумораи умумии неруҳоро дар назар доранд. Вале мо он ҷо барои муддати дароз  хоҳем  монд», — таъкид намуд сарвари Пентагон.
Ӯ бовар кунонд, ки Амрико ва муттаҳидони он оид ба  НАТО маблағгузории неруҳои амниятии Афғонистонро идома хоҳанд дод.  «Мо дорои захираҳои молиявӣ ҳастем, ки  минбаъд низ  онҳоро  таъмин менамоем. Иттифоқчиёни НАТО  равшан карданд, ки онҳо низ ба  маблағгузории неруҳои амниятии Афғонистон идома медиҳанд. Ин масъала  ниҳоят муҳим аст», — гуфт Картер.
«Ва баъдан мо дар Афғонистон барои дастгирии неруҳои амниятӣ ва гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ хоҳем монд.», — хулоса кард вазир.

Май 26, 2016 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид