Конфронси байналмилалӣ: «Адлияи муосири конститутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо»
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16-20 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Адлияи муосири конститутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо» ба муносибати 25-солагии таъсиси Суди конститутсионии Федератсияи Русия ва Форуми шашуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург доир гардид. Дар конфронс намояндагони мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳуриҳои Австрия, Арманистон, Беларус, Белгия, Индонезия, Исроил, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Конфедератсияи Швейтсария, Олмон, Сербия, Узбекистон, Фаронса, Финландия, Ҳиндустон, Шоҳигарии Тайланд, Эстония ва дигар кишварҳо, ҳамчунин намояндагони Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, Конфронси ҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсионӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия, олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд. Форуми VI байналмилалии ҳуқуқии Петербург низ дар сатҳи баланди омодагӣ бо иштироки беш аз севуним ҳазор намояндаи ҳаштод кишвари ҷаҳон доир гардида, дар он мавзӯъҳои мухталифи соҳаи ҳуқуқу сиёсат ва иқтисодиёту иҷтимоиёт бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир матраҳ гардиданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода намояндагӣ намуда, дар кори Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Адлияи конститутсионӣ-кафолати қонуният дар Тоҷикистон» маърӯза намуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






