Конфронси хабарнигорон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом ёфт

Май 13, 2016 15:32

Хоруғ, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфронс дар доираи танатанахои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ оид ба мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ба анҷом расид. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки яке аз омилҳои пирӯзии сулҳи тоҷикон бар ҷангу хушунати солҳои навадуми асри гузашта- ин ҳамкории ВАО бо ҳукумати қонунӣ ва навтаъсис буд. Ҳарчанд расонаҳои дохилии давлатӣ дар ин солҳо ба таври комил муҷаҳҳаз набуданд, аммо тавонистанд ғояҳои расонаҳои пуриқтидори хориҷиро, ки ҳадафашон идомаи ҷанг ва дар султаи худ нигаҳ доштани ин минтақаи хеле муҳим ва ҳассос буд, ба шикаст рӯ ба рӯ сохта, кишварро аз парокандашавӣ нигаҳ доранд.
Ба гуфтаи директори маркази мазкур, ҳанӯз ҳам ин ҷанги иттилоотӣ дар шакли дигар ва бо воситаҳои боз ҳам замонавию муассир идома дорад. Хабарнигори имрӯза бояд бо технологияи муосири коммуникатсионӣ ошноӣ ва барои кор дар расонаҳои тасвирӣ, чопию савтӣ омода бошад. Худобердӣ Холиқназар даргириҳои дохилии кишвари моро бо даргириҳои давлати ҳамсояи Афғонистон муқоиса карда, гуфт, ки чанде пеш бо як дӯсти афғонам дар бораи сулҳи тоҷикон суҳбат доштам. Вай иқрор шуд, ки шумо Пешво доред ва тамоми мардуми манотиқ аз вай пуштибонӣ мекунанд, аммо дар кишвари мо мардум ҳанӯз пойбанди сиёсати қавмгароӣ мебошанд. Ҳамин аст шикасти мо ва пирӯзии шумо.
Дар конфронси мазкур дар мавзӯъҳои «Мақоми ВАО-и электронии ватанӣ дар инъикоси раванди сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Нақши публитсистикаи сиёсӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Май 13, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид