Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 05.05.2016/АМИТ «Ховар»/.Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи июн дар Душанбе дар мавзӯи «Рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявиро доир намояд.
Аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс масоили марбут ба татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили пояҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ , истифодаи технологияҳои нав дар фаъолияти гумрукӣ, ташхис дар фаъолияти гумрукӣ, ташкили назорати гумрукӣ ва фаъолияти фискалии мақомоти гумрук ва ҳамкории байналмилалии гумрукӣ матраҳ мегарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






