Кормандони ВКД шаҳрванди ҶИА-ро бо беш аз 40 кило маводи мухаддир дастгир намуданд
Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 52-солаи сокини шаҳри Кобул, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир гардид, ки гумонбаршуда, бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро пинҳон кардаанд.
Дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз мавзеи пинҳонкардашудаи ҷинояткорон 40 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслакони гумонбаршуда чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






